БДА: «Сабаби аслии садамаҳо-риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ»
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Тайи ҳафтаи сипаригашта чандин садамаҳои нақлиётӣ рух доданд, ки боиси ҳалокати шаҳрвандон шуданд. Аз ҷумла 12 июни соли ҷорӣ соати 04.40 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ автомошинаи тамғаи «Opel Vectra» таҳти идораи ронанда Абдусамад Боев ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Мирзообод ба дарахти канори роҳ бар мехурад, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофири дохили автомашина Назира Бобоева ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. 15 июн дар шаҳри Хоруғ автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz» таҳти идораи ронанда Абдуласан Муродасенов ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Шуғнон ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашина тамғаи «ВАЗ-21099», ронандааш Тоҳир Шириншоев бар мехурад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «ВАЗ-21099» ва мусофираш Соибҷамол Махсумова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ҳалок мегарданд. Ҳамчунин дар ноҳияи Варзоб автомашинаи тамғаи «Opel Astra» таҳти идораи ронанда Абдуғафор Ҳакимов ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 46-ум ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Daewoo Leganza» ронандааш Нурулло Насруллоев бар мехурад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Daewoo Leganza» ва мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Opel Astra» Тоирҷон Расулов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ба иттилои шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ бештари садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби риоя накардани оддитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда, баромадан ба самти муқобили ҳаракат, рух медиҳанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






