Сохтмони комбинати металлургӣ анҷом меёбад
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ноҳияи Ҳисор сохтмони комбинати нави калони металлургӣ анҷом меёбад. То имрӯз қисми зиёди корҳо иҷро шуда, дар корхона таҷҳизоти сохти Чин насб карда мешавад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, сабаби кашол ёфтани мӯҳлати сохтмони комбинати металлургии Тоҷикистону Чин душвориҳои интиқоли таҷҳизоти ҳаҷман калон буд. Назар ба хабари намояндаи Вазорати энергетика ва саноати кишвар, баъди мавриди истифода қарор додани корхонаи нави металлургӣ дар Тоҷикистон бори аввал маҳсулоти хушсифати металлургӣ тавлид мешавад. Дар оянда истеҳсоли маҳсулоти ин корхона ба 400 ҳазор тонна расонида мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






