Таҷлили 20-солагии Маркази миллии патенту иттилоот
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар»). — Бахшида ба 20-солагии таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2013 дар «Душанбе-плаза» конфронси минтақавӣ баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар доираи ин конфронс натиҷаҳои озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2012» аз ҷониби Кумитаи тадорукот эълон шуда, ба ғолибон мукофотҳои арзанда, аз қабили медали тиллоии Созмони умиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», дипломҳои махсус ва туҳфаҳои пуливу молӣ тақдим шаванд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ба бонувон — ихтироъкорони тоҷик Гулбаҳор Боқиева ва Мубошира Раҳимова, ки ба наздикӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар шашумин намоишгоҳи байналмиллалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ» бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардиданд дар ҷаласаи тантанавӣ супорида хоҳад шуд. Инчунин 12 июни соли 2013 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба чорабинии мазкур ифтитоҳи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» баргузор мегардад. Дар конфронс меҳмонон аз идораҳои патентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва дигар давлатҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






