Содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар меафзояд

Июль 25, 2013 11:18

Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и Тоҷикистон дар соли равон ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ 9 ҳазору 300 тонна меваю савбзавот содирот намудааст. Сироҷиддин Валиев –раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мегӯяд, ки ин омор то охири соли ҷорӣ то ба 15 ҳазор тонна расонида мешавад. Танҳо дар ин давра ба Русия 1835 тонна пиёз, 172 тонна мева ва 57 тонна меваи хушк, ба Қазоқистон 450 тонна сабзавот, ба Қирғизистон 172 тонна мева ва 22 тонна пиёз ва ба ҳамсоякишвар-Афғонистон 1168 тонна пиёз ва 16 тонна чормағз содирот гардидааст. Содироти меваю сабзавот ба кишварҳои хориҷӣ ин аз ҳосили хуби рӯёнидаи боғдорону сабзавоткорони кишвар, инчунин мусоид омадани боду ҳаво дар соли равон шаҳодат медиҳад, зеро ба таъбири кишоварзони кишвар дар қиёс ба соли гузашта дар соли равон деҳқонони кишвар ҳосили хуби меваю сабзавот ба даст оварданд. Масъули «Тоҷикматлубот» афзуд, ки дар зарфи солҳои охир дар доираи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои пасошӯравӣ содироти меваю сабзавот ба ин кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст. Танҳо дар соли 2012 ба кишварҳои ИДМ 5 ҳазору 700 тонна меваю сабзавот интиқол дода шудааст, ки ин омор дар соли равон то се маротиба афзоиш хоҳад ёфт.

Июль 25, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад