Саломатии зан — масъалаи муҳими рӯз
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Аз 27 августи соли равон дар бинои “Душанбе-Плаза”-и шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи “Саломатии зан. Мубориза бо бемориҳои саратони сина ва гарданаки бачадон” ба кори худ оғоз намуд. Ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» ва дар ҳамкорӣ бо Институти саратоншиносии ИМА, Донишгоҳи Вашингтон, USAID, намояндагии Маркази байналмилалии илмӣ дар Тоҷикистон, ташкилоти амрикоии «Ресурс ва Полиси Эксченч» ва Фонди Сорос ҷараён дорад. Дар кушоиши конфронс мудири шуъбаи нигаҳдории тандурустии дастгоҳи иҷроияи Президент Л. Бобохоҷаева, раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова, сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи стратегии ҶТ оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраҳои то соли 2014», «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2015», «Дурнамоии Вазорати тандурустӣ оид ба бемориҳои ғайрисироятӣ» гузаронида мешавад. Мақсади конфронс шиносоӣ бо таҷрибаҳои беҳтарини ИМА ва Осиёи Марказӣ, Русия, Қазоқистон оид ба барномаҳои пешгирӣ ва сари вақт муайян намудани бемориҳои саратони сина ва гарданаки бачадон дар раванди тибби исботӣ, пешниҳодҳои Иқдоми глобалӣ оид ба саратони сина ва саратони гарданаки бачадон, расонидани кӯмаки паллиативӣ дар поёни зиндагӣ, усулҳои таъсирноки иқтисодии скрининг ва ташхиси клиникӣ, инчунин омӯзиши занон оид ба усулҳои худмуоинаи ғадуди ширӣ, ҳамкории мутахассисони КАТС (табибони оилавӣ, мутахассисони Марказҳои солимии репродуктивӣ бо табибони саратоншинос), баланд намудани савияи маданияти тиббии беморони гирифтори бемории саратони сина ва гарданаки бачадон оид ба ғизогирӣ, фаъолияти ҷисмонӣ, беҳтар намудани сифати зиндагии онҳо ва ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амалӣ гардонидани барномаҳои саратони сина ва саратони гарданаки бачадон мебошад. Дар кори конфронс мутахассисони саратоншинос, табибони бемориҳои амрози занона, табибони оилавӣ, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, инчунин бемороне, ки таърихи бемории саратони сина ва гарданаки бачадонро доранд, иштирок доранд.Конфронс се рӯз давом карда, рӯзи 29 август кори он анҷом меёбад.








Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






