Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар Рашт

Сентябрь 25, 2013 16:03

Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар деҳаи Белгии ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва меҳнати дастии бошандагони ноҳия ширкат варзид.Дар ин намоишгоҳ кишоварзону хоҷагидорон навъу намудҳои гуногуни неъматҳои моддӣ, аз ҷумла себу нок, олуву шафтолу, чормағз ва дигар анвои маҳсулоти маҳалиро ба маъраз гузоштанд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон, занбури асалпарварон ва боғдорони ноҳия бобати васеъ намудани майдони кишти картошкаву боғҳои нав, истифодаи тухмиҳои хушсифат, эҳёи навъу намудҳои гуногуни маҳсулоти маҳалӣ аз қабили себу нок дастуру ҳидоят дод.Ҳамчунин дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат дар хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо, ки роҳбарии онро собиқ фармондеҳи неруҳои мухолифин дар минтақа Мирзохӯҷа Аҳмадов ба уҳда дорад, бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка шинос гардид.Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дорои 3 гектар замин буда, имсол дар як гектари он кишти картошка ва қитъаҳои дигар боғи нав бунёд намудаанд. Деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки аз кишти картошка зиёда 400 сентнер ҳосил ба даст биёранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 25, 2013 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд