Чорабинӣ таҳти шиори «Дар ранги сабз гузар»
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Бо ибтикори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои баргузории амалиёти «Бачаҳо», субҳи 3 сентябри соли равон дар чорроҳаҳои маҳаллаи 82, назди беморхонаи Қарияи Боло, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, телевизиони «Сафина» ва гардиши фурудгоҳ чорабинии мақсаднок таҳти шиори «Дар ранги сабз гузар» гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ пешгирии садамаҳо ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо мебошад.Дар чорабинӣ аъзои дастаҳои нозирони навраси ҳаракат дар роҳи литсеи №2 ва мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 42-и шаҳри Душанбе, кормандони БДА ва кормандони ғайриштатии маркази матбуот ширкат доштанд. Ҳайати корӣ ба 5 гуруҳ тақсим шуда, дар назди чорроҳҳаҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ бурданд. Ҳаноми гузаронидани чорабинӣ ба ронандагон ва пиёдагардон зиёда аз 3000 варақаи таблиғотӣ тақсим карда шуд. Гузаронидани ин гуна чорабиниҳо баҳри пешгирии садаманокӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо таъсири мусбати худро мерасонад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






