Иштироки Оқил Оқилов дар Иҷлосияи 68-уми МУ СММ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов дар доираи иштирок дар кори Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи Умумии СММ 24-уми сентябри соли равон бо Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот орост. Зимни мулоқот масоили марбут ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди масҷиди ҷомеъ ва маҷмааи «Диёри Душанбе» ва ҷалби бештари сармояи давлати Қатар ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои бузурги молиявии Давлати Қатар пешниҳод намуд, ки барои дастгирии лоиҳаҳои саноатии хурду миёнаи Тоҷикистон Хазинаи давлати Қатар таъсис дода шавад. Ҷониби Қатар барои омӯзиш, татбиқ ва баррасии ин пешниҳоди Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ зоҳир намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон доир ба таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва туризм гуфтугӯи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






