Кӯмаки БРО барои беҳдошти роҳҳои Тоҷикистон
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бонки рушди Осиё қарзи бебозгашт дар ҳаҷми 70 миллион доллари ИМА – ро барои лоиҳаи рушди ҳамкории иқтисодии минтақавии Тоҷикистон маъқул ёфт. Мақсад аз ин лоиҳа беҳтар намудани роҳҳо, баланд бардоштани бехатарӣ ва хидматрасонии техникии онҳо, ҳамчунин рушди иҷтимоии аҳолии маҳаллӣ мебошад. Тавре ки аз намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳошияи ин лоиҳа амнияту хидматрасонии техникии масофаи тақрибан 88 километри роҳи Сайрон – Карамиқ ва масофаи 87 километри роҳи Восеъ — Ховалинг беҳтар карда мешавад. Барои татбиқи ин лоиҳа Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ 19 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ агентии иҷрокунандаи ин лоиҳа ба шумор меравад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






