Ивази симчӯбҳо ба сутунҳои оҳанию бетонӣ
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдори Душанбе директори ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” Саид Атоевро вазифадор намудааст, ки иваз намудани симчӯбҳои барқиро ба сутунҳои оҳану бетонӣ дар маҳаллаҳои шаҳр пурра таҳқиқ намуда, то 1 декабри соли равон ҷиҳати дар соли 2014 комилан аз байн бурдани симчӯбҳои барқӣ таклиф пешниҳод созад. Ин матлаб дар ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, ки таҳти раёсати -Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр шуд. Раиси шаҳр аз масъулини сохторҳои марбута ва ШСХК “Барқи Тоҷик” талаб намуд, ки баҳри татбиқи муқаррароти қарори марбутаи Ҳукумати кишвар дар самти омодагӣ ба мавсими зимистон тадбирҳои қатъӣ андешанд. Инчунин ҷиҳати захираи ангишт барои таъмини фаъолияти муназзами манбаъҳои гармиистеҳсолкунии мутамаркази дар пойтахтбудаи ШСХК «Барқи Тоҷик» имкониятҳои парки техникии ин ширкатро бисанҷанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






