Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР С.Боев ва И.Ахмедов дар шаҳри Шелково бо як гуруҳ муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот намуданд.Тавре ки Хадамоти матбуоти намояндагии мазкур хабар медиҳад, онҳо вобаста ба навгониҳои қонунгузории федералӣ, аз ҷумла афзоиши ҷарима барои қоидавайронкунии маъмурӣ дар шаҳру вилояти Маскав ва Санкт-Петербург, сабабҳои манъи вуруди бархе аз шаҳрвандони ҶТ ба ҳудуди ФР муфассал сухан ронданд.Бояд зикр кард, ки дар шаҳри Шелково бештар 1000 шаҳрванди тоҷик кору иқомат дошта, асосан дар бахши сохтмон, тиҷорат, хизматрасонӣ, нақлиёт фаъолият мекунанд. Дар ин ҷо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамбастагӣ фаъолият дошта, дар мавридҳои зарурӣ мушкилоти ба миёномадаро дар ҳамкорӣ ҳал менамоянд. Зимни суҳбат ҳамчунин доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, кӯшишу талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати таъмини шароити хуби кору иқомат дар ФР барои шаҳрвандони тоҷик иттилоъ дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






