С. Наришкин зимни сафараш аз пойгоҳи низомӣ ҳам боздид менамояд
Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). -Сергей Наришкин, раиси Думаи давлати Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия 6 октябр бо сафари расмӣ озими Душанбе-пойтахти Тоҷикистон мегардад. Дар ин хусус аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи барномаи сафари расмии раиси Думаи давлатӣ ба Тоҷикистон — Сергей Наришкин ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. Инчунин раиси Думаи давлатӣ бо Эмомалӣ Раҳмон -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ва соири масоили марбут ба таҳкими муносиботи ҳасанаи Душанбеву Маскавро матраҳ хоҳанд кард. Сергей Наришкин дар доираи сафараш ба Тоҷикистон аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон дидан намуда, зимни боздид аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бо ҳайати устодону донишҷӯёни ин даргоҳи маърифат мулоқот менамояд. Интизор меравад, ки дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Сергей Наришкинро бо дипломи доктори ифтихории Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия сарафроз гардонанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






