Намоишгоҳи байналмилалии маърифатӣ
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ширкати «ТМ – International» (ТМ — Интернейшнл) бо дастгирии Ҳукумати ҶТ 26 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 9 – уми байналмилалии маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мақсад аз ифтитоҳи намоишгоҳ бо донишкадаҳои олии хориҷӣ, имконоти таҳсил ва пайдо намудани ихтисос шинос кардани ҷавонон аст. Нигораҳои намоишгоҳ иборат аз барномаҳои таълимии донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ва шартҳои дохил шудан ба онҳо мебошанд.Имсол дар намоишгоҳ аз дастовардҳои ихтисоси муҳандисӣ, илмҳои дақиқ, тиб, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои компютерӣ ва ғайра нақл карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






