Намоиши ҳунари зебо ва руҳпарвар

Ноябрь 27, 2013 09:54

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Намошгоҳи асарҳои рассомони шинохтаи шаҳри Панҷакентро, ки ба карибӣ дар толори Кохи фарҳанги шаҳр баргузор шуд, метавон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии ноҳия тайи солҳои охир унвон кард. Дар намоишгоҳ қариб 200 асар самараи эҷоди бисёрсолаи рассомони соҳибистеъдод, ташабускори ташкили намоишгоҳ Шодмонқул Нарзуллоев, Лутфулло Ҷанобилов, Мулкия Муҳаммадиева манзури тамошобинони сершумор гардонида шуд.Рассомон дар асарҳояшон симои адибони классик ва муосири тоҷик, амсоли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Робиаи Балхӣ, Лоиқ Шералӣ шахсиятҳо ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, манзараҳои зебо ва руҳбахши куҳистонро бо меҳр ва ҳунари баланд тасвир кардаанд.Зимнан асарҳои рассомони панҷакентӣ борҳо дар намоишгоҳи шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта, аз ҷониби тамошобинони сершумори соҳибзавқ ба баҳои баланд сазовор гардида буданд. Асарҳои ин рассомон ҳамчунин борҳо дар саҳифаҳои маҷаллаю рӯзномаҳои кишвар ба интишор расидаанд.

Ноябрь 27, 2013 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад