«Эсхата» — бонки фаъолтарин
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Имрӯзу фардои иттилооти молиявӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони бахши бонкҳои Тоҷикистон ширкат доштанд. Тавре ки аз бонки «Эсхата» хабар доданд, намояндагии бонкро дар конфронс иқтисодчии калон Акбар Мамадҷонов ва иқтисодчии пешбурд Парвиз Носиров ба ӯҳда доштанд. Дар конфронс менеҷерҳои ширкати «Томсон Рейтерс» натиҷаи фаъолият дар соли 2013 – ро ҷамъбаст намуда, аз қарорҳои мавҷуда ва дурнамои рушди технологияҳо барои доду гирифти асъор, таҳлили иттилоот ва қабули қарорҳо нақл карданд. Зикр шуд, ки бонки «Эсхата» дар соли 2013 ҳаҷми доду гирифти асъорро нисбат ба соли 2012 баробари 50 фоиз афзун намуда, бо назардошти ин бонки фаъолтарини Тоҷикистон дар ин бахш дониста шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






