Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2013

Январь 7, 2014 14:10

Душанбе, 7 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -7 январи соли 2014 дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2013 ва нақшаи фаъолияти он дар соли 2014 баргузор гардид. Дар он сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев, сардори Сарраёсат, сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, ВМКБ, Хатлон, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Муҳоҷир» иштирок намуданд.Сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев зикр кард, ки вазифаҳои асосии Хадамоти муҳоҷират танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, бо кор таъмин кардани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Хадамот бо ин мақсад, тайи соли ҷорӣ якчанд лоиҳаи созишномаҳоро бо давлатҳои хориҷи дуру наздик таҳия ва такмил дода, барои мувофиқа ва омўзиши тарафҳо, тибқи муқаррарот унвонии Давлати Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Украина ирсол намуд. Дар ҷаласа оид ба ҳалли мактуб ва арзу шикоятҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баргардонидани музди маоши онҳо, бастани шартномаи корӣ, аз байн бурдани маҳалчигӣ дар байни ҳамватанони бурунмарзӣ сухан рафт.

Январь 7, 2014 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад