15% донишҷӯёни ДДС тариқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
Душанбе, 29 январ (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко).- Дирӯз, ректори Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода Диловар Латипов дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки алҳол дар донишкада 1768 донишҷӯ, аз ҷумла 826 донишҷӯ дар асоси буҷавӣ ва 942 нафар дар асоси шартномавӣ таҳсил мекунанд.
Ба иттилои ректори донишкада дар соли 2013 беш аз 3 ҳазор донишҷӯ донишкадаро хатм намуд. Дар донишкада 121 донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ таҳсил менамояд, ки беш аз 15% шумораи умумии шогирдонро ташкил медиҳад. Айни замон, дар курси якуми магистратура 7 донишҷӯ аз Афғонистон таҳсили илм мекунанд.
«Соли 2013 созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Челябинск бо иштироки ректори он Владимир Рушанин имзо гардид. Имзои чунин созишнома бо Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Белоруссия низ дар назар аст », — гуфт Д.Латипов.
Зикр шуд, ки бо мақсади таълиму тарбия дар соли 2013 беш аз 100 чорабинии фарҳангию иттилоотӣ ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ ,симпозиумҳои байналмилалӣ , семинарҳои илмӣ доир гардиданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






