5,5 млн доллар барои ислоҳоти замин дар Тоҷикистон
Душанбе, 25 январ (АМИТ «Ховар»).- Дар Тоҷикистон Лоиҳаи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ҷиҳати ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ расман эълон гардид. Аз сафорати ИМА дар Душанбе хабар доданд, ки дар маросими кушодашавии лоиҳа муовини Сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, вазири кишоварзӣ Қосимҷон Қосимов ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт иштирок намуданд. Дар назар аст, ки USAID тавассути лоиҳаи мазкур таҷдиди хоҷагиҳои деҳқониро дастгирӣ намуда, ҳуқуқ ба моликиятро тақвият хоҳад бахшид.Лоиҳаи сесола бо арзиши умумии 5,5 миллион доллари ИМА ҷузъи аслии ташаббуси ИМА “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур пешбарии сиёсати заминро вобаста ба ҳуқуқ ба замин дастгирӣ намуда, барои рушди бозори ҳуқуқи истифодаи замин кӯшиш ба харҷ медиҳад. USAID тасмим гирифтааст, ки дар дувоздаҳ (12) ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, ки бо ташаббуси номбаршуда фаро гирифта шудаанд, шабакаҳои махсус ташкил диҳад. Дар назар аст, ки шабакаҳои мазкур дар бораи вазъи озодии ҳоҷагидории деҳқонӣ дар минтақаҳо бо мақсади дастгирии самти фаъолияти лоиҳа дар ислоҳоти қонунгузорӣ маълумоти саривақтӣ пешниҳод мекунанд. Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми Амрико имконпазир гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






