Баррасии масъалаи ташхиси равонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе ,10 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Масъалаи ташхиси равонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мушкилот ва дурнамои он дирӯз дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, сардори Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ Намоз Исмоилов гуфт, ки: «Комиссияи мазкур ҳанӯз аз соли 1978 фаъолият намуда, то ба имрӯз рушду такомул ёфтааст. Моҳи январи соли 2011 бо Фармони вазири корҳои дохилӣ Маркази ташхиси равонӣ созмон дода шуд. Вазифаи асосии ин марказ гузаронидани интихоби касбии тиббию руҳӣ мебошад, ки он аз муайян намудани хусусиятҳои мушаххаси равонӣ ва психофизиологӣ бо мақсади баҳо додан ба дараҷаи коршоямии ихтисосии фаъолияти касбӣ, муайян намудани аломатҳои дезадаптатсияи равонӣ ва шаклҳои ноаёни бемориҳои асабу руҳӣ иборат аст». Раиси Комиссияи марказии ҳарбию тиббии ВКД Файзинисо Нағзибекова дар мавриди таърих, вазифаҳо ва ягона будани Маркази ташхиси равонӣ зикр кард, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати интихоби кадрҳо, пеш аз ҳама ба ҳолати руҳию ҷисмонии кормандон аҳамияти хосса дода, номзадҳо барои фаъолияти минбаъда қаблан аз муоинаи Комиссияи марказии ҳарбию тиббӣ ва Маркази ташхиси равонӣ гузаронида мешаванд».Ҳамчунин дар чорабинӣ сардори факултаи сеюми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Хайём Умаров дар бораи ташхиси равонӣ ва омӯхтани таҷрибаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар ин самт гуфт, ки таъсис додани Хадамоти равонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






