Чанд хабар аз хоириҷи кишвар

Январь 15, 2014 17:15

Сӯхтор дар корхонаи пойафзолбарории Чин Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар»)-Субҳи имрӯз дар яке аз корхонаҳои истеҳсоли пойафзоли Вилояти Чжэзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин сӯхтори шадид ба амал омад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 16 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Бояд гуфт, ки масоҳати сӯхтор 800 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли гузашта дар Вилояти Сзлини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар коргоҳи паррандапарварӣ оташ фаро гирифта, 120 нафар ҷон бохта, 70 тани дигар захмҳои гуногун бардошта буданд. Ҳамлаи чархбол дар Яман Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар минтақаи Хадрамаути Яман тавассути чархбол неруҳои низомии кишвар ду автомашинаи силоҳбадастони «Алқоида»-ро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Гуфта мешавад, ки дар қисми ҷанубу шарқии Яман чанд моҳ боз неруҳои давлатӣ ба муқобили ҷангиёни шабакаи террористии «Ал-Қоида» амалиёти густурда мебаранд. Тазоҳурот дар Тайланд Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дар пойтахти Таиланд — шаҳри Бангкок шахсони номаълум бошишгоҳи эътирозгаронро ҳадафи оташ қарор доданд. Тавре, ки расонаҳои дохили кишвар иттилоъ медиҳанд, ҳодиса шабона сурат гирифта, 2 тан аз эътирозгарон захмҳои гуногун бардоштанд. Дар Бангкок чанд ҳафта боз намоишҳои эътирозии мухолифин қатъ намешавад. Фавти 300 нафар дар Судони Ҷанубӣ Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар»)-Рӯзи 14-уми январи соли 2014 дар дарёи Нили Сафед киштии ҳомилӣ 300 нафар мусофир, ки бар асари муноқишаҳои бархоста дар Судони Ҷанубӣ рӯ ба ҳиҷрати иҷборӣ оварданд, ғарқ шуданд. Мувофиқи маълумоти охирин теъдоди фавтидагони ҳодиса 300 нафарро ташкил медиҳад. Вале мувофиқи маълумоти нерӯҳои Артиши миллии кишвар дар бораи ҳалокати 200 нафар хабар медиҳад. Бояд гуфт, ки дар дохили киштӣ занону кӯдакон низ қарор доштанд. Мутахассисони соҳаи техники сабаби ҳодисаро ба теъдоди аз меъёр зиёди мусофирон ва номусоидии вазъи ҳаво меҳисобанд. Иттилои Мартин ВинтеркорнДушанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар»)- Мувофиқи иттилои роҳбари ширкати «Волсваген»-и Олмон Мартин Винтеркорн давоми 5 соли оянда бо мақсади истеҳсоли автомобилҳои дорои имконияти бузург дар қисми шимолии Амрико 7 миллиард доллар сармоягузорӣ менамояд. Ширкати мазкур нақша дорад, ки аввалҳои соли 2016-ум истеҳсоли ин намуди автомобилҳоро ба роҳ монада, мавқеи худро дар бозори Амрико мустаҳкам намояд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 15, 2014 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд