Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи таҷдиди сохториДастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистонБо мақсади тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ» мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.2. Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар карда шавад.3. Бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқан дар котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, барҳам дода шаванд.4. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйир ёфтани мақоми бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд.5. Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор карда шавад.6. Ҷиҳати тавсеаи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо, аз ҷумла таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо, ҳамчунин ҳамоҳангсозии шӯроҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот таъсис дода шавад.7. Бо мақсади таҳияи методологияҳои замонавии идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти раванди ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти кори Комиссияи буҷетӣ Раёсати молия таъсис дода шавад.8. Ҷиҳати пешбурди ислоҳот дар идоракунии маҳал ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кор бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳоти идоракунӣ ва таҳлили вазъи маҳал Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал таъсис дода шавад.9. Раёсати рушди иҷтимоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба таҳлил ва мониторинги татбиқи сиёсат ва стратегияҳои дахлдор дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғл ва тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои оила ва сиёсати гендерӣ равона карда шавад.10. Бо мақсади тақвияти фаъолияти вобаста ба таҳлил ва пешгӯӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, ҳамоҳангсозӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ Раёсати илму маърифат таъсис дода шавад.11. Раёсати рушди инфрасохтор таъсис дода шуда, кори он ба ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва ҷорӣ кардани усулҳои нави ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, энергетика, саноат, меъморӣ ва сохтмон равона карда шавад.12. Бо мақсади тақвияти чорабиниҳо дар самти мониторинг ва арзёбии раванди ислоҳоти соҳаи аграрӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи муҳити зист Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист таъсис дода шавад.13. Раёсати робитаҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ ба он вогузор карда шаванд.14. Раёсати коргузорӣ ва назорат таъсис дода шуда, инчунин вазифаҳои вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба он вогузор карда шаванд.15. Бо мақсади тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.16. Ҷиҳати мукаммал сохтани вазифаҳо оид ба баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, мукофотонӣ, бахшиши ҷазо ва мониторинги дурустии иҷрои муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.17. Бо мақсади мукаммалсозии вазифаҳо дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ, дуруст ба роҳ мондани механизмҳои арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, Бахши кадрҳо таъсис дода шавад.18. Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҳуқуқи Раёсат таъсис дода шавад. Фаъолияти Марказ ба иҷро ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои идоракунии оперативии Шабакаи ягонаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва шабакаи дохилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани хизматрасонии шабакавӣ, асосҳои мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, порталҳои ягонаи мақомоти давлатӣ, танзими фаъолияти онҳо ва ривоҷи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ равона карда шавад.19. Бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаю сохторҳои зерин барҳам дода шаванд:- Шӯъбаи ҳуқуқ- Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳо- Шӯъбаи молия- Шӯъбаи ташкилӣ- Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ- Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила- Шӯъбаи илм ва маориф- Шӯъбаи фарҳанг- Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм- Шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ- Шӯъбаи саноат ва энергетика- Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия- Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ- Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин- Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда- Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ- Шӯъбаи умумӣ- Шӯъбаи назорат- Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ- Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон- Шӯъбаи кадрҳо- Маркази иттилоотию техникӣ- Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ.20. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:- ҷиҳати муайян намудани вазифаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, тадбирҳо андешида, ӯҳдадориҳои мансабии шахсони мансабдори ба ҳайати онҳо дохилшавандаро муайян намояд;- дар мӯҳлати ду моҳ бо тартиби муқарраргардида вобаста ба шумораи штатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия ва манзур намояд;- бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти муқаррароти Фармони мазкур дар мӯҳлати ду моҳ таҳия ва пешниҳод намояд.21. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, пешниҳодҳо манзур намояд.22. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001, №702 «Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе17 январи соли 2014№116____________________Бо фармони ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистоназ 17 январи соли 2014 № 116тасдиқ шудааст. СОХТОРИДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонРоҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЁрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣЁрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣЁрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳоЁрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаЁрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонКотиботи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонХадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонХадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонКотиботи Сарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонРаёсати ҳуқуқРаёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳотРаёсати молияРаёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалРаёсати рушди иҷтимоӣРаёсати илму маърифатРаёсати рушди инфрасохторРаёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зистРаёсати робитаҳои хориҷӣРаёсати коргузорӣ ва назоратРаёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣШӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсонШӯъбаи тарҷумаШӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳоМаркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)Бахши кадрҳоБахши корҳои махсусҲисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)Идораи хоҷагӣКорхонаю муассисаҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи рӯйхати замимашаванда)Замима баСохтори Дастгоҳииҷроияи ПрезидентиҶумҳурии ТоҷикистонРӯйхатикорхонаю муассисаҳои тобеиДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон№ Номгӯи корхонаю муассисаҳо1. Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон2. Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон3. Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон4. Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон5. Комлекси таъбу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон6. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон7. Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон8. Муассисаи давлатии «Боғи парчами миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон9. Муассисаи давлатии илмии «Боғи ботаникии Хуҷанд»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон10. Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон11. «Боғи ботаникӣ»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон12. «Кохи Истиқлол»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон13. Меҳмонхонаи «Истиқлол»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон14. Тарабхонаи «Чаманоро»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон15. «Боғи миллӣ»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон16. Меҳмонхонаи «Авесто»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон17. Филиали муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва18. Муассисаи маркази тиббии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон19. Корхонаи воҳиди савдо ва хӯроки умумии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон20. Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон21. Қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ22. Қароргоҳи мавзеи «Сайёд»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара23. Корхонаи воҳиди «Лучоб»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе24. Корхонаи воҳиди «Зиғиртӣ»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд25. Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






