Гардиши молу коло тавассути Қулма афзоиш меёбад
Хоруғ, 7 январ.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони раёсати гумруки ВМКБ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти гузаргоҳи Қулма дар соли 2013 изҳор намуданд, ки гардиши молу коло дар қиёс бо солҳои гузашта тавассути ин гузаргоҳ ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст Аз фаъолияти гузаргоҳи назорати гумрукии Кулма, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Чин дар давоми соли 2013-ум бештар аз 43 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат ворид гардиданд. Ба гуфтаи сардори Раёсати минтақавии гумруки ВМКБ Ёрмамад Фақиров нақшаи даромади пардохтҳои гумрукӣ 156 фоиз иҷро шуда, дар ин давра ҳамчунин ҳаҷми воридоти бор тавассути ин гузаргоҳ афзоиш ёфтааст. Ба иттилои масъули Раёсати минтақавии гумрук дар ин муддат тавассути ин гузаргоҳ бештар аз 45 миллион доллари амрикоӣ мол ба Тоҷикистон ворид шудаст, ки ин дар мукоиса бо соли қаблӣ ба андозаи 12 миллион доллари амрикоӣ зиёдтар мебошад. Тавассути гузаргоҳ асосан молу колои мавриди ниёзи мардум, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот барои ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин ворид гардиданд. Агарчанде Тоҷикистон дар муомилоти тиҷоратӣ бо Чин аз масири Ҷиргатол-Иркештами Қирғизистон ҳам истифода мебарад, вале соҳибкорони ватанӣ ва ширкатҳо ба роҳи мустақими нақлиётӣ бартарӣ медиҳанд, аз ин сабаб ҳаҷми гардиши мол тавассути гузаргоҳи Қулма сол ба сол меафзояд. Ба иқлими сард ва сахти Помири шарқӣ нигоҳ накарда, бо назардошти аҳамияти тиҷоратии масири мустақими иртиботӣ соли саввум аст, ки ин роҳ аз мавсимӣ ба доимӣ табдил ёфтааст. Гумрукчиёни раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ дар ҳафт гузаргоҳи назорати гумрукӣ дар марз бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мебаранд ва дар ҳамаи ин гузаргоҳҳо барои гумрукчиён шароитҳои хуби хизматӣ фароҳам гардидаанд. Аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатамон ба шумор рафта, фаъолияти самараноки Қулма нишон медиҳад, ки кишвари мо ба ин хадаф ноил гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






