Хадамоти муҳоҷирати ҶТ : «Тағйироти нав дар қонунгузорӣ»
Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи тағйироти нав дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, аз ҷумла Қонуни ФР «Оид ба тағйирот дар ФЗ «Оид ба тартиби воридот ба ФР ва беруншавӣ аз ФР» ва «Оид ба низоми ҳуқуқии шахрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия», ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор гирифт, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бетабаа дар давоми будубоши қаблиаш дар ФР муҳлати 90 рӯзро дар давоми ҳар як давра ба муҳлати 180 рӯз гузаронидааст, воридоти навбатии ӯ ба муҳлати се сол баста мешавад. Яъне, шаҳрванди хориҷие, ки ба ФР бе раводид дохил мешавад, дар давоми се моҳ фаъолияти меҳнатиашро бояд қонунӣ кунад, вагарна баъди ҳар се моҳ сарҳади Русияро убур карда, боз аз нав будубошро қонунӣ намудан дигар муяссар намешавад. Маъмулан қисми зиёди шаҳрвандони ҶТ баъди ворид шудан ба қаламрави ФР дар давоми се моҳи аввали будубош ва то пайдо кардани ҷойи кори муносиб агар бо патент ё иҷозатномаи корӣ ба расмият дароварда наметавонистанд, дубора бо роҳи убур кардани сарҳади давлатии Русия бо Украина, Абхазистон, Қазоқистон ва ғайра фаъолияташонро қонунӣ мекарданд. Тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар медиҳад, акнун баъди амалӣ гаштани ин тағйирот аз 1 январи соли 2014 чунин амалиёт имконнопазир мегардад. Дар робита ба тағйироти мазкур дар қонунгузории ФР бо мақсади пешгирии мушкилоту нофаҳмоиҳо Намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР аз кулли ҳамватанон-шахрвандони ҶТ, ки дар Федератсияи Русия муваққатан фаъолият доранд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ убури сарҳади давлатии Федератсияи Русияро бо кишвари сеюм анҷом надиҳанд. Агар шаҳрванд дар давоми се моҳи аввали будубош дар қаламрави Русия ҳуҷҷатҳои иҷозатдихандаи фаъолияти корияшро (иҷозатномаи кор ё патент) ба расмият надароварда бошад, ворид шуданаш ба ҳудуди Федератсияи Русия дар давоми 90 рӯзи баъдӣ имконнопазир мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






