«Маша ва Хирс» рӯи саҳнаи тоҷик омад

Январь 7, 2014 11:31

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Бо ташаббуси Театри академӣ- драммавии русии ба номи Владимир Маяковский намоишномаи «Маша ва Хирс» инак рӯйи саҳнаи театри тоҷик омада, хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт аз аввалин тамошобинони он маҳсуб хоҳанд ёфт.Ин иқдом ҳангоми таътили зимистонаи мактаббачагон, ки аллакай оғоз шудааст, фароҳам оварда шуд.Офарандагони асар бар он назаранд, ки ин гуна намоишномаҳо агар аз як ҷониб дар таъмини фароғати хубу хотирмони мактаббачагон мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар дар ҷалби онҳо ба театр нақши сазовор хоҳанд дошт. Тибқи иқдоми пешгирифтаи масъулин чорабиниҳои гуногун то анҷоми таътили мактабӣ идома меёбанд.

Январь 7, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад