Н. Раҳматов: «Масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли мусбати худро хоҳад ёфт»
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар асоси Созишнома оид ба гузаргоҳхои сарҳадӣ, имрӯз миёни Тоҷикистону Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ фаъолият мекунад: 3 -то дар минтақаи Суғд, 1- то дар минтақаи Ҷиргатол ва 1-то дар ноҳияи Мурғоб. Тавре ки дар нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зикр намуд: «Имрӯз аз тарафи гумрукчиёни Тоҷикистон фаъолияти ин гузаргоҳҳо дар низоми муқаррарӣ амалӣ шуда истодааст, аммо бар асари ҳодисаҳое, ки чанде пеш рух дода буданд, яктарафа аз тарафи гумрукчиёни Қирғизистон интиқоли молу нақлиёт тавассути ин гузаргоҳхо маҳдуд карда шудааст».Ӯ афзуд, ки тибқи иттилои ба дастомада, теъдоди зиёди мошинҳо дар айни замон дар он тарафи сарҳад бо мақсади убур кардан қарор доранд ва ин албатта, ба сатҳи ҷамъоварии пардохтҳо таъсири манфии худро метавонад расонад, аммо мо умедворем, ки ин масъала рӯзҳои наздик ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт. Бинобар иттилои Неъмат Раҳматов, ҳамарӯза танҳо тавассути дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» 30-40 мошин ворид мегардид. Оид ба ришваситонӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумрук қайд намуд, ки , фасод дар мақомоти гумрук, албатта, ҷой дорад, аммо роҳбарияти имрӯзаи Хадамоти гумрук пешгирии ин зуҳуротро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ интихоб намудааст ва бар асари амалиёти муштараки Хадамоти гумрук ва Агентии зидди коррупсия дирӯз яке аз чунин ҳодисаҳо ошкор ва пешгирӣ карда шуд Мақомотеро , ки қариб 40% пардохти буҷети давлатиро таъмин менамояд, наметавон гуфт, ки он пурра фасодзада аст. Тибқи маълумоти оморӣ, мақомоти гумрук ба қатори 10 мақомоти фасодзада ҳатто дохил нест.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






