Пешгирии ВКД аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Январь 15, 2014 13:55

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ гумонбаршудагон Ҷамшедҷон Ҳасанов, соли таваллудаш 1982 ва Бобоназар Ҳайталиев, соли таваллудаш 1980, сокинони ноҳияи Ёвонро дастгир намуданд, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буданд. Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 26 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 27 кг 260 грамм маводи нашъадори «афюн» дошт, дарёфт ва мусодира шуд.Инчунин, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД якчанд нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз шаҳрванд Идӣ Ҳусейнов, соли таваллудаш 1960, сокини ш.Ваҳдат 1 кг 904 грамм маводи нашъадори сахттаъсири «героин» ва аз шаҳрвандон Алишер Қараев, соли таваллудаш 1983, Юсуфҷон Ашурзода, соли таваллудаш 1992 ва Ҷонон Назаров, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Шаҳринав 4 кг 68 грамм маводи нашъадори «ҳашиш», 1 кг 268 грамм «бангдона», 936 грамм «афюн» ва 3,7 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ВМКБ зимни як амалиёт дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шифеуллох валади Хайрмуҳаммад, тахминан 17-18- сола бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 18 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 8 кг 3 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» буд, дарёфт ва мусодира гардид. Нисбати далелҳои мазкур бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Январь 15, 2014 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад