Таъйиноти кадрӣ

Январь 31, 2014 13:01

 
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 50 нафар кадрҳои ба вазифаҳои нав таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
 
Зимни суҳбат Сарвари давлат онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят карда, таъкид дошт, ки “савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчунин савганди ҳар як роҳбару масъули сохторҳои давлатӣ дар назди мардум бошад”. Аз ҳар яки онҳо, ҳамчунин талаб карда шуд, вазифаҳои худро бо виҷдони пок, масъулияти баланд ва сифати матлуб иҷро намуда, дар татбиқи босамари Барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои корӣ ва дигар санадҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо гузоранд.
 
Ҳамин тариқ, Эмин Сангинов Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Абдусалом Мирзоев Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Меҳринамо Ҷонмамадова Муовини вазири молия ва Бозор Одинаев Муовини вазири маориф ва илм таъин гардиданд.
 
Роҳбари намояндагии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия доир ба муҳоҷират ва роҳбарони як қатор сохторҳои назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Муовини якум ва ду муовини Раиси ШСХК Барқи Тоҷик, Муовини якум ва як муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти чанд сохтори дигар таъин карда шуданд.
 
Ҳамчунин роҳбарону масъулони як зумра раёсатҳо ва дигар сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
 
Мавриди зикри хос аст, ки бо таъиноти имрӯза ҳар панҷумин роҳбари сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зан мебошад. Аз ҷумла Гулнора Бобоева имрӯз Сардори Раёсати илму маърифат ва Гулҷаҳон Туманова Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ҳардуи онҳо кадрҳои соҳибтаҷриба ва кордони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигари иҷтимоӣ мебошанд.
 
Тавре аён мегардад, ба интихоб ва ба вазифаҳои масъулиятнок таъин намудани кадрҳои ҷавону болаёқат низ аз самтҳои муҳими сиёсати кадрии Роҳбари давлат аст. Зеро ҳар шахси сеюми имрӯз таъиншуда кадрҳои то 40-сола мебошанд.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони дахлдор, ҳамчунин дастур дод, ки минбаъд низ барои тарбияи кадрҳои болаёқат аз миёни ҷавонон ва занону духтарон ва ба вазифаҳои роҳбарӣ дар тамоми сохторҳо, новобаста аз шакли моликияташон, пешбарӣ кардани онҳо чораҳо амалӣ намоянд.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 31, 2014 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад