Татбиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Аз шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд, ки дар давоми соли 2013 агентӣ фаъолиятро дар заминаи дастуру ҳидоятҳо аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» ва Нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо, аз қабили татбиқи сиёсати фаъол бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати арзанда, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардид.Тибқи гузориши ироанамудаи агентӣ дар соли ҳисоботӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 119122 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 71122 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 51361 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ 37893 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2601 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3487 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4663 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 19592 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шудаанд. Ба 7665 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардидааст. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 204588 ҷойи кори нав таъсис дода шуд. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ дар ин давра 685 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 6507 нафар корҷўй дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 4464 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 1171 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Бевосита тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 12142 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.Ҳамин тавр, дар заминаи тадбирҳои амалишуда муяссар гардидааст, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои чорабиниҳои барнома дар маҷмуъ ба андозаи 121,0 фоиз таъмин карда шавад.Илова бар ин, тайи давраи сипаришудаи соли 2013 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар самти дастгирии шаҳрвандони бекор тавассути таъин ва пардохти қарзҳои имтиёзнок ба 3487 нафар шаҳрвандон 11 184 302 ҳазор сомонӣ ё худ ба ҳар як шаҳрванд ба андозаи 80,2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт гардид, ки ин 112,5 фоизро аз нақшаи барнома ташкил медиҳад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ тавассути мақомоти маҳалии агентӣ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1670 нафар шаҳрванди бекор дар ҳаҷми 5 357 281 сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ба 1179 шахси бекор ба андозаи 3 780 294 сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 638 шаҳрванди бекор ба маблағи 2 046 727 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Таҳлили раванди дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор нишон медиҳад, ки 47,9 фоиз ба фаъолияти истеҳсолӣ, 33,8 фоиз ба фаъолияти тиҷоратӣ ва 18,3 фоизи дигар ба фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғул мебошанд.Дар давоми соли равон ба дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон аҳамият дода шуда, ба 1977 нафар зан дар ҳаҷми 6 341 499 сомонӣ ва ба 1311 нафар ҷавон ба андозаи 4 205 298 сомонӣ кўмаки молиявӣ пардохт гардидааст.Дар соли 2013 бо мақсади таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои таълими касбии он дар маҷмуъ 103366 нафар шаҳрванди бекор, корҷўй ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гиифта шуданд, ки 103,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 50319 нафар зиёд мебошад. Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ҷиҳати дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор ба онҳо кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт мешавад. Дар ин раванд тайи давраи ҳисоботӣ, аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 7665 нафар шаҳрванд ба маблағи 3 млн. 290 ҳазору 658 сомонӣ кўмакпулӣ оид ба бекорӣ пардохт карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 143,3 фоизро аз таъмини иҷрои барнома ташкил медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






