Таваҷуҳи хориҷиён ба таълимгоҳҳои Тоҷикистон
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Соли 2013 бори аввал довталабони хориҷӣ аз кишварҳои Афғонистон ва Эрон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳру вилоятҳои берун аз маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.Дирӯз дар нишасти хабарии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ зикр гардид, ки таҳсили шаҳрвандони давлатҳои хориҷа дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома ва тафоҳумномаҳои байнидавлатӣ самти дигари афзалиятноки Вазорати маориф ва илм маҳсуб ёфта, дар донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1569 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз 25 кишвари дуру наздики хориҷа таҳсил дошта, соли таҳсили 2013-2014 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартномаҳои байниҳукуматӣ 147 нафар шаҳрванди хориҷӣ тибқи бурсияҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки нисбати соли таҳсили 2012-2013 27 нафар зиёд мебошад.Вазорат дар самти ба таҳсил фиристодани ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ диққати асосиро ба он равона месозад, то шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар асосан аз рӯи ихтисосҳое фиристода шаванд, ки тайёр намудани онҳо дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон аст. Дар заминаи озмун довталабон тавассути лоиҳаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Украина, Федератсияи Русия, Белоруссия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» баргузор гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмии хориҷи кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 2460 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






