Тоҷикистону Афғонистон ҳавасманди тақвияти мубориза бар ҷинояткорӣ

Январь 14, 2014 09:08

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Афғонистон, бахусус дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 13 январ зимни мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзу баррасӣ гардиданд.Сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ки аз ҷумла дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мушаххаси самтҳои гуногуни ҳамкориҳо, аз қабили самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ — терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва амсоли инҳоро муҳокима намуда, доир ба он табодули назар карданд. Рамазон Раҳимов қайд кард, ки лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар омода шудааст ва дар сурати ба имзо расидани он ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам рушду такомул хоҳанд ёфт. Абдулғафур Орзу дар навбати худ зикр намуд, ки онҳо низ омодаанд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамкории бештар дошта бошанд.

Январь 14, 2014 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!