Тоҷикистону Чин имкониятҳои фаровон доранд

Январь 14, 2014 14:18

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 13 январ раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва Сафири ҶМЧ дар Тоҷикистон Фан Сянжун мулоқот анҷом намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар ҷараёни мулоқот масоили вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин, ҳамчунин дурнамои рушди равобити мутақобилан муфид дар самтҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор гирифтанд.«Муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо ҶМЧ сол аз сол густариш меёбад. Байни ҶМЧ ва Тоҷикистон дӯстии чандинасраи анъанавӣ идома дорад. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба робитаҳои ҳар ду кишвар аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Мувофиқи суханони президент кишвар, Чин аз ҷумлаи шарикони калонтарини Тоҷикистон дар бахши савдои хориҷӣ ба шумор меравад. Густаришу таҳкими равобити иқтисодӣ бо ҶМЧ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди босуръати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад», — гуфт Шариф Саид. Фан Сянжун дар навбати худ изҳор дошт, ки ба туфайли сарони ҳар ду кишвар равобити тиҷоратию иқтисодӣ муваффақона мустаҳкам гардида, тайи солҳои гузашта натиҷаҳои хуб ба даст омадаанд. Дипломати Чин аҳамияти дар Тоҷикистон доир намудани намоишгоҳҳо, ҳамчунин иштироки сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар ярмаркаҳои ҳарсолаи Урумчи ва Қошғарро ба таври махсус қайд намуд.

Январь 14, 2014 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад