Вохӯрии Фарҳод Раҳимов бо Сафири Ҳиндустон
Душанбе, 3 январ.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷӣ баргузор шуд. Дар вохӯрии мазкур ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои илмии байни ду кишвар баррасӣ шуданд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Душанбе Аситҳ Бхаттачарҷӣ дархости Шӯрои Ҳиндустон оид ба масъалаҳои ҷаҳониро доир ба гузаронидани Гуфтугӯи сеюми байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба президенти Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов пешниҳод намуд. Шӯрои Ҳиндустон оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои мазкур (08.06.2006) барои дар сатҳи баланд гузаронидани Гуфтугӯи сеюми байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе мусоидат намояд. Сафир зикр намуд, ки Гуфтугӯи якум дар ш. Алмаатои Қазоқистон ва Гуфтугӯи дуюм дар ш. Бишкеки Қирғизистон баргузор шуда буд. Шўрои Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ки Гуфтугӯи сеюмро дар ш. Душанбе дар нимаи дуюми моҳи июни соли 2014 барпо намояд. Фарҳод Раҳимов пешниҳоди Шӯрои Ҳиндустон оид ба масъалаҳои ҷаҳониро пазируфта, зикр намуд, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гузаронидани Гуфтугӯи сеюми байни Ҳиндустону Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо Шӯрои Ҳиндустон оид ба Осиёи Марказӣ омодааст ва ин чорабинӣ такони бузурге барои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар хоҳад буд. Қарор шуд, ки барои дар сатҳи баланд гузарондани чорабинии мазкур Кумитаи тадорукот таъсис гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






