Афзалиятҳои ислом дар Осиёи Марказӣ:сиёсат ё арзишҳои маънавӣ?
Душанбе, 5.01.2014. (АМИТ «Ховар»). — Раванди ташаккули давлатдорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар давраи пасошӯравӣ дар шароити эҳёӣ ислом чун ғояи фарогири оммаи васеи аҳолӣ, ки бояд фазои холии дар он вақт ба вуҷуд омадаро пурра гардонад, сурат мегирифт. Чунин вазъият аз бисёр ҷиҳат маънои онро дорад, ки дар муддати кӯтоҳ аксарияти томи сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба соҳаи фаъолияти динӣ ҷалб шуданд.
Вале баъди сипарӣ шудани ду даҳсола бояд қайд намуд, ки қудрати созандагии ислом дар минтақа пурра амалӣ нашуд, бинобар ин вай натавонист омили муттаҳидсозии ҷомеа, тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва мусоидат ба рушду суботи иҷтимоиву иқтисодӣ бошад. Зиёда аз ин, мавҷи ифроткорию терроризми динӣ мушоҳида гардида, қувваҳои вайронкунандаи вазъият суханпардозии исломиро барои асоснок намудани нақшаҳои зӯран сарнагун сохтани ҳокимияти конститутсионӣ, ба миён овардани хархашаю бенизомии идорашаванда ва суст намудани асосҳои давлатдорию соҳибихтиёрӣ фаъолона истифода менамоянд. Хадамоти махсуси хориҷӣ исломро воситаи таъсиргузорӣ ба ҷомеаи мусулмонон ба нафъи манфиатҳои стратегии худ мешуморад.
Сабаби ин чист ва сиёсати давлатӣ дар Осиёи Марказӣ нисбат ба ислом чи гуна бояд бошад?
Олими маъруфи исломшиноси Русия Леонид Сюкияйнен дуруст қайд менамояд, ки «… дар давоми таърихи бисёрасра дар фарҳанги ислом тасаввуроти басо гуногун дар бораи асосҳои ҳокимияту ҳуқуқ, ақидаҳои мухталиф нисбат ба муносибатҳои байни инсон ва давлат ва умуман нисбат ба ҷомеа ба миён омаданд. Баъзеи ин консепсияҳо, ки аксаран аз мазмуни умумии тафаккури ислом гирифта ва барои табақаҳои каммаърифати диндорон пешбинӣ шудаанд, метавонанд барои асоснок кардани ифротгароии сиёсӣ истифода шаванд. Вале мақоми асосии мероси ғоявии ислом ва тафаккури имрӯзаи онро на ин назарияҳо, балки аз нигоҳи асоснок намудани мабдаъҳои дигар, аз қабили бовар, созиш, субот, воқеият, хушмуомилагӣ ба ҳукуматдорон, таҳаммул, машварат, худдорӣ аз зараррасонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Ин арзишҳоро назар ба ақидаҳои қатъии радикалӣ метавон ба таври хеле боварбахш асоснок кард».
Дар партави гуфтаҳои боло ба назар чунин менамояд, ки манбаъҳои проблемаи таъсири манфии тамоюлҳои исломигардониро дар Осиёи Марказӣ маҳз хусусияти иттилооти аз хориҷа воридшудаи динӣ ташкил медиҳанд, ки асоси он иборат аз исломизми сиёсӣ мебошад.
Маҳз мақсади ҳукмронӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва мубориза барои ҳокимият низоми ҳоло дар минтақа вуҷуддоштаи тавсифи қоидаҳои исломро, ки бо иштироки марказҳои диншиносии хориҷӣ, хусусан дар марҳалаи аввали бунёди давлатҳои соҳибихтиёри Осиёи Марказӣ ба миён омадааст, муайян мекунад.
Бинобар ин қоидаҳое, ки ба манзури исломизми сиёсӣ мувофиқа шуда буданд, бо назардошти далелҳои дахлдори динӣ роҳандозӣ шудаанд.
Халқҳои кишварҳои мо ба чӣ ҳолат расонидани кӯшишҳои сиёсигардонии исломро дар давлатҳои шӯравии Осиёи Марказӣ дар таҷрибаи фоҷиаовари солҳои 1990 – ум диданд ва ҳис карданд. Вале тухми ҳашароти зараровари радикализми динӣ, ки ба муҳити иҷтимоӣ афтидааст, ҳоло ҳам натиҷаҳои марговари худро дар шакли фаъолияти ҳар гуна созмону ҷунбишҳои террористӣ ва динию ифротгароӣ зоҳир менамояд.
Ба ҳокимияти давлатӣ бояд аҳсан гуфт, ки тавассути чораҳои таъқиботӣ ва амалиёти назоратию тафтишотӣ мувозинати қувваҳои ҷомеаро барқарор намуда, то ҳол онро нигоҳ дошта тавонистааст. Ҳамзамон бояд дарк намуд, ки чунин мутаносибӣ хусусияти муваққатӣ дорад.
Хавфи вусъати душвориҳои иҷтимоӣ дар заминаи исломизми радикалӣ то даме боқӣ мемонад, ки сиёсати давлат нисбат ба ислом аз тактикаи мудофиавӣ ба тарҳрезӣ ва татбиқи консепсияи собитқадами кори идеологии бахши дин гузарад.
Аслан, системаи тафсири қонунҳои ислом маънои идеологияи диниро дорад. Бинобар ин, ба назари эътибор гирифтани арзишҳои ислом ба бунёдкорони он вобаста мебошад.
Идеологҳои терроризми байналмилалӣ инро ба таври боварбахш исбот карданд. Онҳо бино бар ҳамин ҳам террорро чун омили барҳақ маънидод карда, ба ин васила мақоми исломро ба ҳайси дини террористон ва ҳомиёни ҷиҳод ҳақ бароварданд.
Бо назардошти ин, давлат дар марҳалаи ҳозира метавонист, ки ташаббуси ташкили низоми нави тафсири қонунҳои исломро, ки ҳамаи гуногунии арзишу вазифаҳои маънавию фарҳангӣ, ахлоқию гуманистӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад, ба зиммаи худ гирад.
Вале пеш аз ҳама зарур аст, ки мавқеъ ва нақши исломро дар сохтори муносибатҳои давлатӣ, инчунин усулҳои ташкили тарбияи динию идеологӣ аниқ муайян кард.
Аввалан, хусусияти таъсирнокии омилҳои этно-конфессионалӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла шароити ҳокимияти дунявии давлатҳои Осиёи Марказиро, ки дар он ҷо аксарияти аҳолӣ дини исломро пайравӣ мекунанд, ба назар гирифта, ҷудоии дин аз сиёсат ва мубориза барои ҳокимиятро бояд амри воқеӣ қарор дод. Иштироки исломро дар ҷараёнҳои сиёсӣ ва мавқеи онро нисбат ба масъалаҳои амалигардонии вазифаҳои ҳукуматдорӣ бояд бо таҳияи аз лиҳози динӣ асоснок кардани дастгирии ҳокимияти расмӣ аз ҷониби эътиқодмандон, таҳаммулпазирӣ, риояи қонун ва ғайра маҳдуд сохт.
Дар акси ҳол, ҳангоми мавқеъгирии ислом ба сифати қувваи сиёсии мустақил хатари ба вуҷуд омадани инфрасохторҳои сиёсигардидаи динии алтернативӣ ба миён омада, худро бо ҳокимияти дунявӣ муқобил мегузорад, ки омили ба вуҷуд омадани низоъ ва ноустуворгардии вазъ дар оянда мегардад.
Дуввум, дар асоси системаи нави тафсири қоидаҳои ислом мақсаднок аст, ки дар сатҳи давлатӣ ҷараёни исломро, ки барои қисми зиёди мардум муайян ва анъанавӣ гардидааст, қотеона таҳким бахшида, инчунин самти рушди ин сохторро барои тарбияи динию ахлоқии аҳолӣ, соҳаи гуманитарию иҷтимоӣ, вобастагии он бо арзишҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ, рушди ҷомеа ва давлат муайян бояд кард.
Қадами аввал дар роҳи ташаккули низоми мазкури тафсири ислом ба забони динӣ баргардонидани тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ба қавли дигар, ин бо танзими оятҳои Қуръон, ҳадисҳо ва шарҳи далелноки онҳо, бо истифода аз эътибори дин субот ва таҳким бахшидани мақсад ва вазифаҳои дин дар тарбияи ғоявию ватандӯстӣ, зарурати кӯшишҳои эътиқодмандон ба таълим, дар ниҳоди худ худ парваридани сифатҳои баланди маънавию ахлоқӣ ва мавқеи шаҳрвандӣ маънидод карда мешавад.
Умуман, минбаъд мувофиқи мақсад аст, ки номгӯи сифатҳои инсон ва шаҳрвандон (поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, бомаърифатӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайра) ба сифати вазифаи тарбияи диннию ғоявӣ роҳандозӣ шавад. Барои ҳалли ин масоил бояд мутахассисони исломшинос ва руҳониён аз сарчашмаҳои гуногуни динӣ намуна ва меъёрҳоеро интихоб ва ҷамъоварӣ намоянд, ки дар ин росто диндорон барои маърифати худ кор баранд. Ва, муҳимтар аз ҳама, намунаҳо ва шароити ислом ба воқеиятҳои зиндагии муосир аз тариқи иртибот бо воқеият ва рӯйдодҳои муҳит, тафсири мунтазами онҳо мутобиқ гардонида шаванд.
Дар тафсири ҷадиди қоидаҳои ислом ҳавасмандгардонии вазифаҳои иҷтимоии дин, аз ҷумла кумак ба ятимон, оилаҳои ниёзманд ва ғайра бояд ҷои муайянеро ишғол кунад.
Бояд такя аз муносибати расмиву догматикӣ ба тафсири асливу мазмунии тафсири ислом интиқол гардад, яъне меъёрҳои эътиқод набояд дар пӯшидани ҳиҷоб ё ришмонӣ, шумораи ҳаҷ кардан ё адои намози панҷвақта, балки дар сифатҳои ахлоқӣ, накӯкорӣ кардан ва ғайра ифода ёбад.
Ҳамчунин ба унвони як ҷузъи таркибии низоми мазкур рад намудани хушунат, ошкор намудани моҳияти зиддиисломии фаъолияти террористӣ ва экстремистиро бояд ворид кард.
Сеюм, ҷузъи муҳимтарини муваффақиятсози фаъолияти идеологӣ дар муҳити исломӣ мавқеи фаъоли давлат мебошад.
Тамоми равандҳо дар ҳавзаи динӣ бояд таҳти назорати қатъии давлат қарор дошта бошанд. Барои аз байн бурдани инфрасохторҳои алтернативӣ ва таъсироти омӯзиши мазҳабӣ (мадориси ғайриқонунии мазҳабӣ, масҷидҳои сабтиномнашудаи маҳаллаҳо, роҳҳои пинҳонӣ рафтан ба марказҳои динии хориҷӣ ва ғ.) бояд тадбирҳои сахтгиронае амалӣ карда шаванд. Ҳамзамон барои амалӣ сохтани фаъолияти динӣ (мувофиқа бо мақомоти давлатӣ оид ба дин, гирифтани иҷозатномаҳо ва ғ.) тартиби иҷозатдиҳиро пешбинӣ кардан лозим аст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши руҳониёни мусулмон гузаронидани аттестатсияҳо, дар масъалаи таъйини имом-хатибони масҷидҳо ба сиёсати кадрии давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардан (ба сифати меъёрҳои аввалия ба назар гирифтани саводнокии динӣ, қобилияти суханронӣ, дар байни диндорон нуфуз доштан, надоштани робита бо ҳаракатҳои экстремистӣ ва ташкилотҳои гуногуни тахрибкори сиёсӣ, аз ҷумла хориҷӣ, меҳанпарастӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ), барои намояндагони руҳониён, ки дар системаи инфрасохтори расмии динӣ вазифаҳои калидиро ишғол кардаанд, маҷмӯи кафолатҳои давлатии молияиву иҷтимоӣ пешбинӣ кардан низ, аз ҷумлаи онҳост.
Руҳониёни мусулмон марҳила ба марҳила, бо роҳи тадбирҳои пай дар пай бояд ба қисмати таркибии дастгоҳи идеологии давлат табдил дода, ба фаъолияти созандагӣ ба манфиатҳои миллӣ равона карда шаванд.
Ҳамин тариқ, гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда, бори дигар муҳимияти боз ҳам бештар ошкор намудани иқтидори мусбати исломро таъкид намудан зарур аст. Бинобар ин ҳам стратегия ва афзалиятҳои муосири давлатиро дар муҳити динӣ метавон ба таври мухтасар дар шакли чунин таъбири мақсаднок ифода кард: «ислом – дини камолоти маънавии шахсият ва рушди осоиштаи ҷомеа мебошад».
Абдуғанӣ Аббосов








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






