Бунёдкорӣ беҳ аз харобкорист, ё дар бораи оқибатҳои таърихии мамитовчигӣ
(мактуби саркушода ба нухбагони сиёсии Қирғизистон)
Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Даъвати аҷдодони умумиамон — қаҳрамони қирғиз Манас ва ҳамсари тоҷиктабори ӯ Хоникой аз умқи асрҳо ба гӯши мо мерасад — муҳаббат, боварӣ ба якдигар ва садоқату меҳтарӣ бояд барои наслҳои имрӯзаи қирғизону тоҷикон намунаи ибрат бошанд. Модари қирғизҳо гардидани зани тоҷик амри таърих ва қисмати ҳарду халқ буд. Алоқаҳои ҳамхунии авлодӣ, ки моро муттаҳид месозанд, ҳар гуна кӯшишҳои дар байнамон доман задани оташи ҷангро гуноҳ мегардонад. Бинобар ин, онҳое, ки хостгори инанд, қасамшиканони ҷинояткоре мебошанд, ки ба хуни аҷдодони худ хиёнат кардаанду лаънату нафринашон онҳоро кӯр мекунад.
Кайҳо боз маълум аст, ки сиёсат чизи ифлос аст. Бахусус, вақте ба он моҷароҷӯёне дастрасӣ пайдо кунанд, ки аз Худо наметарсанду ягон муқаддасоте надоранд. Сад афсӯс, ки дар Қирғизистон маҳз ҳамин гуна нафарон ба сиёсат сар даровардаанд. Имрӯз онҳо бо амалҳои иғвогаронаашон мероси таърихиро хароб месозанд, васиятҳои бобою бобокалонҳоямонро ба назар намегиранд, барои ихтилофот шароит фароҳам сохта, оқибатҳои фарогири фоҷиавии онҳоро ё дарк намекунанд ё онҳоро дидаю дониста инкор менамоянд. Чизи даҳшатноктарин он аст, ки хатоҳои содирнамудаи якчанд сиёсатмадорони камтаҷрибаю бесалоҳиятро баъдан сад хирадманд ҳам ислоҳ карда наметавонад.
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳояш ба ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон гуфта буд: «Мо — тоҷикҳо ва қирғизҳо ду миллати ба ҳам дӯсту бародар ва ҳамсояву ҳамнишин ҳастем. Дӯстиву рафоқати мо аз қадимулайём оғоз гардида, дар давоми садсолаҳо инҷониб ба бародарӣ табдил ёфтааст. Мо ҳамеша нисбат ба ҳамдигар арҷгузорӣ ва эҳтироми хоса доштем ва дорем». Ҷониби Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ, сарфи назар аз он, ки метавонад мутобиқи ҳамаи қонунҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бо дар даст доштани ҳуҷҷатҳои қонунии сатҳи иттиҳодӣ (ҷониби Қирғизистон чунин ҳуҷҷатҳоро надорад) заминҳои баҳснокро талаб намояд, дар сатҳи баландтарин ба ҳалли барои ду ҷониб қобили қабули масоили марзӣ манфиат доштанашро зоҳир намуда, вариантҳои алтернативиро пешниҳод карда, кӯшиш менамояд, ки барои риояи манофеи баробари ҳар ду кишвари бародар роҳҳои баромадан аз бӯҳрон пайдо карда шаванд.
Муовини Сарвазир Токон Мамитов ки роҳбари ҳайати Қирғизистон мебошад, дар ҷавоби ин ба ҷои ҳамфикрӣ ва кӯшиши дар сари мизи гуфтушунид ба даст овардани созиш, бо мақсади барои худ пайдо намудани фоидаҳои сиёсӣ кишварро дилпурона сӯи ихтилофи ҳарбӣ мебарад. Агар булдозер ба кор дарояд, агар касе дар ҳудуди баҳснок ба сохтани роҳ шурӯъ кунад, сар задани ин ихтилофот ногузир аст. Ин ҳам дар шароите, ки барои мувофиқат намудани чунин сохтмон ҳатто ягон ҳуҷҷат мавҷуд набуда, ҳуҷҷати марбут ба манъи мустақим арзи вуҷуд дорад, ки он дар Протоколи мулоқоти ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон аз 29.04.соли 2008 инъикос ёфтааст.
Токон Мамитов иброз медорад, ки ҳамаи марзе, ки дар он роҳи мошингарди Кӯктош — Оқсой — Тамдиқ бунёд шуда ва он 11 январи соли 2014 боиси тирпаронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гардид, ҳудуди баҳснок набуда, фақат аз они Қирғизистон аст. Вале, барои он ки ин дар ҳақиқат ҳамин тавр бошад, Тоҷикистон бояд ақалан воқеият доштани гуфтаҳои ӯро эътироф намояд, зеро фақат дар ҳамин маврид метавон дар бораи вуҷуд надоштани баҳс сухан ронд. Вале, баръакс, ҳукуматдорони Тоҷикистон дар бораи вуҷуд доштани ҳуҷҷатҳое ба таври возеҳ сухан меронанд, ки ҳуқуқи Тоҷикистонро ба заминҳои зикршуда тасдиқ мекунанд.
Дар чунин шароит магар давом додани сохтмони роҳи мошингарди ихтилофнок мумкин аст? Ғайр аз ин парлумони Қирғизистон аз рӯи ин масъала қарор қабул кардааст. Дар он ба таври мушаххас дастур дода шудааст, ки «бо дарназардошти он, ки қатъ шудани сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯктош – Қапчиғай – Оқсой – Тамдиқ ва Қулунду – Мақсат вобаста бо қитъаҳои мувофиқанашудаи байни Қирғизистону Тоҷикистон аст ва барои аниқ ва муайян намудани онҳо дар муддати кӯтоҳтарин чораҳо дида шаванд».
Токон Мамитов ба ҷойи ин фармон доданист, ки булдозер ба сӯи дидбонгоҳҳои мавҷудаи сарҳадии Тоҷикистон ҳаракат дода шавад. Вай аз сарҳадбонон кадом вокунишро интизор аст? Онҳо сарбозанд ва вазифадоранд, ки дар сурати халалдор шудани сарҳад мувофиқи қонун оташ кушоянд. Инро генерали ҳатто ношудтарину бесаводтарин хеле хуб медонад.
Сарбоз бояд Ватанро ҳифз намояд, на гуфтушунид кунад. Вай, куҷоеро, ки нишон диҳанд, бояд дар ҳамон ҷо истад. Гуфтушунидро бояд сиёсатмадорон, нафароне гузаронанд, ки ваколатҳои дахлдор доранд. Вале Мамитов ва роҳбарони бевоситаи ӯ ба ҷойи қабули қарорҳои оқилонаи сиёсӣ вазифаи худро бо ангехтани ихтилофи мусаллаҳона анҷом медиҳанд.
Афсӯс, ки барои сар задани ихтилофот каме вақту ҳатто Мамитов барин як зот кифоят мекардааст. Ҳатто садҳо нафар сиёсматмадорони бомаҳораттарин пеши роҳи онро гирифта наметавонанд. Ва дар ин муддат хуни зиёди халқ, аз ҷумла хуни одамони бегуноҳ ҳам, мерезад.
Аз ҳама бадтараш он аст, ки ин ихтилофи аслан маҳаллӣ, ки ҳар сол даҳҳо мисоли он дар сарҳади Қирғизистон бо кишварҳои дигар ҳам рӯй медиҳанд, на фақат афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, балки шуури муқаррарии шаҳрвандони оддиро ҳам тадриҷан халалдор сохта, дар байни халқҳои ба ҳам бародари қирғизу тоҷик низ тухми душманӣ мекорад.
Ҳол он ки коштани тухми бадбинию душманӣ байни халқҳои бо ҳам хеш ҷинояти вазнинтарини маънавӣ дар назди наслҳои имрӯзаю оянда аст, зеро чашидани самараи марговари он насиби фарзандону набераҳои мо мегардад.
Мамитов ва дастаи ӯ мехоҳанд, ки маҳз ҳамин хел меросро барои мо боқӣ гузоранд. Барои ислоҳи дар шуури халқҳои мо реша наандохтани вазъият ва ғояи хусумати байналмилалӣ ҳанӯз дер нашудааст. Дар ҷаҳон бисёр ҳодисаҳое буданд, ки давлатҳо тавонистаанд низоъҳои пухтарасидаро пешгирӣ кунанд ва ба ҷойи ҷанг кардан иттифоқчӣ шаванд.
Мардуми оқил, ба ҷаҳони мутараққӣ нигаред. Вақтро набояд аз даст дод. Нухбагони сиёсӣ ҳақ надоранд фаромӯш кунанд, ки чанд миллион тоҷикони маҳаллӣ дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанду қирғизҳо дар Тоҷикистон. Онҳо набояд алоқаҳои хешутабории байни оилаҳои қирғизу тоҷикро фаромӯш кунанд. Онҳо набояд халқҳои худро гаравгонони даъвою ғурури сиёсӣ гардонанд.
Мутаассифона, таърихи ИДМ аллакай мисолҳои ҳузновар дорад, вақте сиёсатмадорон вақт ва имкониятҳоро барои ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои динӣ ва минтақавӣ аз даст дода, байни халқҳои як замон нафрати чандинсола барангехтанд, аз ҷумла дар муҳити хусумат ва адоват насли нав ба воя расида, имрӯз ҳам ин ҳол идома дорад. Ҳоло муноқишаи Қирғизистону Тоҷикистон боз эътибори ИДМ-ро паст мекунад.
Бовар дорам, ки нухбагони (элита) сиёсии Қирғизистон барои вусъат ёфтани чунин ҷараёни воқеа роҳ намедиҳанд.
Чун шахси оддӣ ман намояндагони тараққихоҳ, нухбагони сиёсии Қирғизистонро даъват мекунам, ки сиёсатмадорони фитнаангез чун Такон Мамитов ва дастаи ӯро маҷбур созанд, то ба худхоҳӣ ва намоиши қудрат хотима дода, сохтмони роҳи фалокатоварро то ҳалли ихтилофоти мавҷуда мавқуф гузоранд. Инро ҳамчунин парлумони Қирғизистон низ талаб дорад.
Бояд ин моҷароҷӯёни сиёсиро водор сохт, то ғуруру такаббури шахсиро ба хотири халқи худ, ба хотири беҳбудӣ ва хушбахтӣ, инчунин дӯстию рафоқат ва сулҳи байни халқҳои бародари қирғизу тоҷик қурбон кунанд. Ин, албатта, душвор аст, вале мардуми қирғиз аз байни миллионҳо шаҳрвандон маҳз ба Шумо, нухбагони сиёсӣ, ҳаёт ва ояндаи худро бовар кардаанд.
Мо ҳама дар хотир дорем, ки аз ҳама омили муттаҳидкунанда, пояи асосии қувваи ИҶШС боварии халқ ба сарварону роҳбарон, ба ғоя, принсипҳои байналмилалӣ, дӯстӣ ва бародарӣ буд. Маҳз ба рӯи ҳамин самтҳои асосӣ аз ҷониби ҳарифон зарбаҳои мутаммарказ зада шуд, ки ин имкон дод давлати бузургро аз байн барад.
Дар айни ҳол дар мисоли ИҶШС бештари ҷонибҳо бо мақсади ҳалли масъалаҳои стратегӣ манфиатдоранд, ки ҳамкорӣ ва дӯстии байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нав барқарор нагардад ва дар оянда низ муноқишаро афзоиш дода, масъалаҳои мушкили мавҷударо ҳассостар кунанд.
Воқеан, мансабдорони алоҳидаи боилтифоти ба ҳама шинохтаи дарбори қирғиз беихтиёр пайравони онҳо буда, роҳи ҳалли ин мушкилотро наҷуста, дар ин муносибатҳои дуҷониба монеаҳои иловагӣ эҷод мекунанд.
Бо вуҷуди ин, тавре ки сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев қайд кард, «Қирғизистон ва Тоҷикистон давлатҳои маҷрои болоии дарёҳои ҳамсарҳад мебошанд, ки ин воқеан моро мушорикони ҳақиқӣ месозад.
Ғайр аз ин, дар назди кишварҳоямон вазифаҳои марбут ба рушди гидроэнергетика қарор доранд. Дар робита бо ин муайян кардани муносибатҳои мувофиқашуда шароит фароҳам меорад, ки имкониятҳои мавҷудаю ояндадор амалӣ гарданд. Аз ҷумла, неруи барқро якҷоя ба кишварҳои сеюм судур карда, ҳамчунин кори муттасили системаҳои якҷояи энергетикӣ таъмин гардад. Қаламрави Қирғизистон метавонад роҳраве барои мавҷи нақлиёти Тоҷикистон сӯи Қазоқистон, Русия, ва Хитой, ҳамчунин ҳудуди Тоҷикистон роҳи бароямон мувофиқе ҷиҳати баромад ба Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои дигари ҷанубӣ гардад».
Барои аз байн бурдани ин доираи маҳдуди даъвою ихтилофоти мутақобила маҳз имрӯз азму иродаи сиёсии роҳбарони Қирғизистону Тоҷикистон аз пештара дида заруртар аст. Аминам, ки дар сари мизи музокирот ва шароити назардошти эҳтироми мутақобилаи манфиатҳои давлатӣ ва миллии ҳарду кишвар, метавон аз рӯи ҳамаи масоили муносибатҳои дуҷониба созиш ба даст овард.
Дар баробари ин, дарк намудани он муҳим аст, ки замон ва сиёсати ҷаҳонӣ тағйир меёбад, аммо мардум, тавре ки чандин асрҳо муқаддам вуҷуд доштанд, ҳамон тавр арзи вуҷуд доранд. Ва халқҳо ҳам онҳоеро, ки мусибату даҳшатҳои ҷангро ба сарашон бор карданӣ буданд ва ҳам онҳоеро, ки мардумро сӯи сулҳу шукуфоӣ мебурданд, ба хотир меоранду арзёбӣ мекунанд. Ҳар кадомро бо тарзи гуногун……
Абдуғанӣ Аббосов.
Манбаъ — ЦентрАзия








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






