Чаро ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ зиёд гардиданд?

Февраль 4, 2014 11:16

 
Душанбе, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-  «Тибқи маълумотҳои омории Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2013-7444 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 — 352 адад кам мебошад»,-иттилоъ дод раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова, имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ. 
Бино ба маълумоти кумита дар ҷамъбасти соли 2013-8194 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ҷамъ 586 ҳолат зиёд мебошад.
Махфират Хидирова сабаби зиёд шудани ҷудошавии занону мардонро дар ҷумҳурӣ аз паст будани маърифати хонаводагӣ, омода набудани ҷавонон ба оиладоршавӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати наздикон ва паст будани сатҳи зиндагӣ номид.  Кумита ният дорад имсол тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида, сабаб ва омилҳои вайроншавии оилаҳои шаҳрвандонро муайян созад. Ба гуфтаи М. Хидирова кумита пас аз маълум кардани ин омилҳо кӯшиш мекунад, ки онҳоро бартараф намояд. 
 
 
 
 
 

Февраль 4, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад