Чаро ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ зиёд гардиданд?
Душанбе, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- «Тибқи маълумотҳои омории Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2013-7444 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 — 352 адад кам мебошад»,-иттилоъ дод раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова, имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.
Бино ба маълумоти кумита дар ҷамъбасти соли 2013-8194 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ҷамъ 586 ҳолат зиёд мебошад.
Махфират Хидирова сабаби зиёд шудани ҷудошавии занону мардонро дар ҷумҳурӣ аз паст будани маърифати хонаводагӣ, омода набудани ҷавонон ба оиладоршавӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати наздикон ва паст будани сатҳи зиндагӣ номид. Кумита ният дорад имсол тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида, сабаб ва омилҳои вайроншавии оилаҳои шаҳрвандонро муайян созад. Ба гуфтаи М. Хидирова кумита пас аз маълум кардани ин омилҳо кӯшиш мекунад, ки онҳоро бартараф намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






