Даъват ба омӯзиши илму ҳунар
Душанбе, 1.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо иштироки масъулин ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии вазорат, подполковники милитсия Абдураҳим Раҳимов, намояндагони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони вазорат ва шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд. Зикр шуд, ки дар солҳои охир бо мақсади боло бурдани сатҳи донишу маърифат, ҷаҳонбини ҷавонон, омӯхтани касбу ҳунар ва солимии ҷомеа даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-амалӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Абдураҳим Раҳимов зикр намуд, ки хеле нигаронкунанда ва ташвишовар аст, ки имрӯз наврасону ҷавонон даст ба ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, роҳзаниву ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус ва авбошӣ зада, ҳаёташонро доғдор намуда ва умри худро дар ҳабсхонаҳо мегузаронанд.
Дар хатми вохӯрӣ аз донишҷӯён даъват шуд, ки чунин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсозро аз даст надиҳанд ва то метавонанд илму ҳунар омӯзанд, зеро ҳар кору амали хайр ва судманде, ки имрӯз анҷом дода мешавад, фардо он манфиати зиёд хоҳад овард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






