Дурахши истеъдодҳо
Шаҳринав, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Дар айни ҳол 340 нафар хонанда аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, 3 ,4 ,18 ва мактаб-интернати шаҳраки Шаҳринав дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ касбу ҳунар меомӯзанд. Дар муассисаи мазкур 12 маҳфили гуногун, аз қабили наққошӣ, дӯзандагӣ, техникҳои ҷавон, гулдӯзӣ, бофандагӣ, омӯзиши компютер амал менамояд. Ҳар талабае, ки баъди дарс 5 сол касбу ҳунар меомӯзад, соҳиби шаҳодатнома мешавад. Муассисаи номбурда соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи заррин» сазовори ҷои дуюм гардид. Кори созмони талабагӣ дар ноҳияи Шаҳринав нисбатан хуб аст. Мебояд кори ин созмонро дар тамоми ҷумҳурӣ беҳтар кард , зеро ин созмон метавонад дар таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон саҳм гузорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






