Фарогирии омилҳои пешгирии ҷинояткорӣ
Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Дар Комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини коллегияи ҳарбии Суди Олии мамлакат вохӯрӣ доир гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ дар вохӯрӣ оид ба пешгирии сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар миёни сарбозони қисмҳои низомии мамлакат сухан гуфта, дар ин самт ташкили чунин чорабиниҳоро кори басо муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки он метавонад дар раванди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ ва умуман, ҷавонони кишвар, ки ояндаи ин миллату давлат ба ҳисоб мераванд, нақши муассир гузорад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, ҳамин гуна вохӯриҳои судманд дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байни ҳайъати шахсии қисми ҳарбии 54153-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат низ доир гардид.
Ҳамчунин Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ вохӯрӣ доир намуда, намояндагони он зикр намуданд, ки дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, шумораи истифодабарандагони маводи нашъаовар дар миёни шаҳрвандон нисбат ба солҳои қаблӣ дар ҳудуди мамлакат камтар гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






