Идомаи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ВКД
Душанбе, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов аз 21 январи соли ҷорӣ то охири моҳи феврал дар маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба намуди футболи хурд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ идома дорад.Дар мусобиқаи мазкур 42 даста (16 даста аз 35-сола боло ва 26 даста то 35-сола) байни ҳам қувваозмоӣ намуда, бозингарон бо ҷӯшу хурӯш ва шавқу рағбат барои ба даст овардани ғолибият ҷаҳду талош меварзанд. Дар мусобиқа дастаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои хориҷӣ, КДАМ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар дастаҳои хоҳишманд иштирок доранд. Дар айни замон дастаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва рӯзномаи «Варзиш» байни ҳам қувваозмоӣ намуда, даври аввалро бо ҳисоби 3:3 мусовӣ анҷом доданд.Дар бозиҳои гурӯҳӣ, ки то 8 феврал идома меёбанд, дастаи футболбозони «Дастгоҳи Марказии ВКД» ва дастаи варзишгарони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар сафи пеш қарор доранд.Мавриди зикр аст, ки бозиҳои ниҳоии мусобиқа оид ба футболи хурд аз 9 феврали соли ҷорӣ шуруъ хоҳанд шуд.Феълан мусобиқаи мазкур байни дастаҳо идома дошта, ғолибони мусобиқаро Ҷом, медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ интизоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






