Имтиҳони имомхатибон аз ҷониби А. Холиқов ва С. Абдулқодирзода

Февраль 3, 2014 09:41

Душанбе, 3.02.2014 c (АМИТ «Ховар»).- 1-уми феврал дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури раиси кумита Абдураҳим Холиқов ва масъулини соҳа якчанд имомхатиб аз мувофиқа гузаштанд. Дар ин бора сухангӯи кумитаи мазкур Афшини Муқим хабар дода, афзуд, ки барои аз санҷиш гузаштани имомхатибон ба онҳо аз ҷониби раиси кумита Абдураҳим Холиқов, раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва сардорони раёсатҳои иттиҳодияҳои динӣ ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо суолу пурсишҳо дар боби шариат, қонунгузории кишвар, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияиҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонунҳои соҳавӣ ироа гардид. Абдураҳим Холиқов дастур дод, ки минбаъд дар кумита бо мудирони шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дарсҳои умуминазариявии динӣ гузаронида шаванд. Ҳамчунин, 1-уми феврал сардорони шуъбаҳо оид ба корҳои дини якчанд шаҳру навоҳии мамлакат аз санҷиш гузаштанд. Ба иловаи манбаъ Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси кумита ва сардорони раёсатҳои дахлдор ба эшон доир ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санаду қонунузориҳои дахлдори соҳа суолҳо пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа 5 нафар бо муваффақият аз мувофиқа гузаштанд. Ба намояндаи шаҳри Роғун ва ноҳияи Бохтар барои такмили дониш ва хубтар аз бар намудани қонунгузории марбутаи соҳа ду ҳафта муҳлат дода шуд. Абдураҳим Холиқов таъкид дошт, ки маҳз интихоби кадрҳои соҳибтахассус ва дорои дониш ва малакаи хуби кордонӣ метавонад ҷиҳати пурра ва босамар татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат намояд. Номбурда намояндагони бархе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки аз мувофиқа гузаштанд ва минбаъд ҳамчун сардори шуъба оид ба корҳои дин фаъолият мекунанд, ба поквиҷдониву адолат ва хизмати софдилона ҳидоят намуд.

Февраль 3, 2014 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад