Маҳаллаи тоҷикон дар Омахаи ИМА

Февраль 28, 2014 14:42

ИМА, 28.02.2014 (АМИТ «Ховар», Маҳмадулло Пириев).- Гурӯҳи беш аз 40 нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки беш аз 5 сол ва ҳатто аз ин зиёд дар шаҳри Омахаи иёлати Небраскои ИМА зиндагӣ мекунанд,
тасмим гирифтаанд кӯчаеро, ки ҳамагӣ дар он ҷо иқомат доранд, Тоҷикистон номгузорӣ кунанд. Бо ин далел бо Фаридун, ки дар кӯчаи мазкур тӯли 6 сол аст истиқомат мекунад ва як ташаббускори номгузорӣ ба кӯчаи мазкур мебошад, суҳбат кардем. Ба гуфтаи Фаридун  ба ин хотир онҳо ин тасмимро гирифтаанд, ки аксари шаҳрнишинҳо ин кӯчаро бо номи кӯчаи тоҷикон мешиносанд.
-Дар иёлати Омахаи ИМА донишҷӯён аз Тоҷикистон хеле зиёданд ва мардуми Амрико ҷавонони тоҷикро бо сабаби фаъол буданашон дӯст дошта, эҳтиромашон нисбат ба онҳо хеле зиёд мебошад.
Шумораи донишҷӯёни кишварамон дар шаҳри Омаха бисёр буда, дар як маҳалла зиндагӣ мекунанд ва хоҳони он ҳастанд, ки дар оянда ин маҳалларо Тоҷикистон номгузорӣ кунем, чун маҳаллае, ки мо зиндагӣ мекунем, бо номи кӯчаи тоҷикон машҳур аст.Ҳатто мо дар даромадгоҳи маҳаллаи худ парчами Тоҷикистонро овезон кардаем, ки ин нишон аз садоқати ҷавонон ба Ватани хеш мебошад, мегӯяд Фаридун. 
-Мо дар ин ҷо ҳарчанд муҳоҷир ҳастем, расму анъанаҳои тоҷикиро фаромӯш накардаем, мегӯяд Фаридун. Ба ибрози мавсуф онҳо ҳатто то ҷое анъана ва расму русуми тоҷиконро инъикос кардаанд, ки мардуми ин ҷо барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин ё он ҷашнвора бо онҳо якҷоя омодагӣ мебинанд.
-Ҳар ҷашну иди миллиамонро мо дар ин ҷо низ ҳамроҳ бо мардуми шаҳри Омаха ва дӯстони тоҷике, ки дар дигар шаҳрҳои Амрико кор ва таҳсил доранд,  ҷашн мегирем. Дар маҳале, ки мо зиндагӣ мекунем, аксаран мардуми Амрико ҳастанд ва онҳо низ аз иду ҷашнвораҳои мо бохабаранд. Масалан, соли гузашта як гурӯҳ сокинони ин маҳалла бо мо барои ҷашни Наврӯзи соли 2013 омодагӣ диданд  ва баъдан дар таҷлили  22-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон саҳмгузор буданд.  
-Тӯли 5-6 соле, ки  дар Амрико ҳастем, аз ҳама ҷиҳат шароитамон хуб аст, вале афсӯс, ки муҳоҷир ҳастем, ватанамонро бисёр ёд мекунем, мегӯяд Фаридун.
 
 

Февраль 28, 2014 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд