Маҳаллаи тоҷикон дар Омахаи ИМА
ИМА, 28.02.2014 (АМИТ «Ховар», Маҳмадулло Пириев).- Гурӯҳи беш аз 40 нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки беш аз 5 сол ва ҳатто аз ин зиёд дар шаҳри Омахаи иёлати Небраскои ИМА зиндагӣ мекунанд,
тасмим гирифтаанд кӯчаеро, ки ҳамагӣ дар он ҷо иқомат доранд, Тоҷикистон номгузорӣ кунанд. Бо ин далел бо Фаридун, ки дар кӯчаи мазкур тӯли 6 сол аст истиқомат мекунад ва як ташаббускори номгузорӣ ба кӯчаи мазкур мебошад, суҳбат кардем. Ба гуфтаи Фаридун ба ин хотир онҳо ин тасмимро гирифтаанд, ки аксари шаҳрнишинҳо ин кӯчаро бо номи кӯчаи тоҷикон мешиносанд.
-Дар иёлати Омахаи ИМА донишҷӯён аз Тоҷикистон хеле зиёданд ва мардуми Амрико ҷавонони тоҷикро бо сабаби фаъол буданашон дӯст дошта, эҳтиромашон нисбат ба онҳо хеле зиёд мебошад.
Шумораи донишҷӯёни кишварамон дар шаҳри Омаха бисёр буда, дар як маҳалла зиндагӣ мекунанд ва хоҳони он ҳастанд, ки дар оянда ин маҳалларо Тоҷикистон номгузорӣ кунем, чун маҳаллае, ки мо зиндагӣ мекунем, бо номи кӯчаи тоҷикон машҳур аст.Ҳатто мо дар даромадгоҳи маҳаллаи худ парчами Тоҷикистонро овезон кардаем, ки ин нишон аз садоқати ҷавонон ба Ватани хеш мебошад, мегӯяд Фаридун.
-Мо дар ин ҷо ҳарчанд муҳоҷир ҳастем, расму анъанаҳои тоҷикиро фаромӯш накардаем, мегӯяд Фаридун. Ба ибрози мавсуф онҳо ҳатто то ҷое анъана ва расму русуми тоҷиконро инъикос кардаанд, ки мардуми ин ҷо барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин ё он ҷашнвора бо онҳо якҷоя омодагӣ мебинанд.
-Ҳар ҷашну иди миллиамонро мо дар ин ҷо низ ҳамроҳ бо мардуми шаҳри Омаха ва дӯстони тоҷике, ки дар дигар шаҳрҳои Амрико кор ва таҳсил доранд, ҷашн мегирем. Дар маҳале, ки мо зиндагӣ мекунем, аксаран мардуми Амрико ҳастанд ва онҳо низ аз иду ҷашнвораҳои мо бохабаранд. Масалан, соли гузашта як гурӯҳ сокинони ин маҳалла бо мо барои ҷашни Наврӯзи соли 2013 омодагӣ диданд ва баъдан дар таҷлили 22-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон саҳмгузор буданд.
-Тӯли 5-6 соле, ки дар Амрико ҳастем, аз ҳама ҷиҳат шароитамон хуб аст, вале афсӯс, ки муҳоҷир ҳастем, ватанамонро бисёр ёд мекунем, мегӯяд Фаридун.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






