Миқдори фоҳишахонахо дар ҷумҳурӣ зиёд гардид

Февраль 4, 2014 12:06

 
Душанбе, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-  Марҳабо Олимова муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар масъалаи зиёд гардидани теъдоди фоҳишаҳо ва фоҳишахонаҳо, иттилоъ дода,  зикр кард, ки имрӯз кумита барои бартараф намудани фаъолияти фоҳишахонаву фоҳишаҳо дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ рейдҳои муштарак гузаронида истодаанд. Бино ба маълумоти М.Олимова теъдоди фоҳишаҳо имрӯз ба 1641 нафар расида, дар муқоиса ба соли 2012 -338 нафар зиёд мебошад. Теъдоди фоҳишахонаҳо 189 адад буда, он нисбат ба соли 2012 -39 адад зиёд гардидааст. Мутаассифона, байни фоҳишаҳо духтарони ноболиғ ҳам ба қайд гирифта шуда, аз теъдоди умумии фоҳишаҳо  41 нафараш ноболиғ мебошад. 
Сабабҳои зиёд гардидани теъдоди фоҳишаҳоро муовини раиси кумита  гуногун номида, омили асосии онро на танҳо аз сатҳи пасти зиндагӣ, балки аз паст будани маърифати занон медонад. 
Тавре ки зикр гардид, кумита ҳангоми гузаронидани рейдҳо бо занони фоҳиша суҳбатҳо гузаронида, барои бартараф намудани фаъолияташон онҳоро бо ҷои кор низ таъмин мекунад.  Бештари занон пас аз суҳбату вохӯриҳо аз ин кор даст мекашанд, вале ҳастанд нафароне, ки ҳатто ҷои кори доимии кумита таъмин намударо тарк карда, боз ба фоҳишагӣ машғул мешаванд. 
 
 
 
 

Февраль 4, 2014 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад