Миқдори фоҳишахонахо дар ҷумҳурӣ зиёд гардид
Душанбе, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Марҳабо Олимова муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар масъалаи зиёд гардидани теъдоди фоҳишаҳо ва фоҳишахонаҳо, иттилоъ дода, зикр кард, ки имрӯз кумита барои бартараф намудани фаъолияти фоҳишахонаву фоҳишаҳо дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ рейдҳои муштарак гузаронида истодаанд. Бино ба маълумоти М.Олимова теъдоди фоҳишаҳо имрӯз ба 1641 нафар расида, дар муқоиса ба соли 2012 -338 нафар зиёд мебошад. Теъдоди фоҳишахонаҳо 189 адад буда, он нисбат ба соли 2012 -39 адад зиёд гардидааст. Мутаассифона, байни фоҳишаҳо духтарони ноболиғ ҳам ба қайд гирифта шуда, аз теъдоди умумии фоҳишаҳо 41 нафараш ноболиғ мебошад.
Сабабҳои зиёд гардидани теъдоди фоҳишаҳоро муовини раиси кумита гуногун номида, омили асосии онро на танҳо аз сатҳи пасти зиндагӣ, балки аз паст будани маърифати занон медонад.
Тавре ки зикр гардид, кумита ҳангоми гузаронидани рейдҳо бо занони фоҳиша суҳбатҳо гузаронида, барои бартараф намудани фаъолияташон онҳоро бо ҷои кор низ таъмин мекунад. Бештари занон пас аз суҳбату вохӯриҳо аз ин кор даст мекашанд, вале ҳастанд нафароне, ки ҳатто ҷои кори доимии кумита таъмин намударо тарк карда, боз ба фоҳишагӣ машғул мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






