Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Саидмаҳмуди Садрӣ
Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаҳмуди Садрӣ мулоқот анҷом дод. Муҳамадато Султонов котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ташрифи дипломати эрониро хайрамақдам гуфта, фарорасии 36-умин солгарди рўзи Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ҳамасола рўзи 11 феврал ҷашн гирифта мешавад, муборакбод гуфта, ба миллати дӯст ва бародари Эрон пешрафту шукуфоӣ, ривоҷу равнақ ва дастовардҳои бештареро таманно намуд.
«Мо аз раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Теҳрон қаноатманд буда, ҳамзамон хостгори тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо мебошем. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тараққиёту пешрафтҳое, ки дар тӯли 36- соли пирӯзии инқилоби исломӣ дар кишвар ба даст овард, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки кишварҳои исломӣ низ метавонанд дар радифи дигар мамлакатҳои тараққикардаи ғарбӣ ҳамчун кишвари пешрафта арзи ҳастӣ кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари ҳамзабон будан, ҳамчунин дорои муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ мебошанд ва ин барои рушди муносиботи кишварҳоямон заминаи мусоид фароҳам овардааст»,- гуфт дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.
Кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаҳмуди Садрӣ аз номи раиси Парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алӣ Лориҷонӣ даъватномаро ҷиҳати иштироки раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар кори иҷлосияи 9-уми конфронси Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси исломӣ, ки рўзҳои 18-19 феврали соли 2014 дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, супорид ва иброз намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир тараққӣ ёфта истодаанд. Инчунин боздиди пайвастаи мақомоти гуногуни олирутбаи ду кишвар яке аз сабабҳои асосии таҳким ва густариши ҳамкориҳо ба шумор мераванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






