Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Саидмаҳмуди Садрӣ

Февраль 5, 2014 14:48

Душанбе,  5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-  Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаҳмуди Садрӣ мулоқот анҷом дод. Муҳамадато Султонов котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ташрифи дипломати эрониро хайрамақдам гуфта, фарорасии 36-умин солгарди рўзи Истиқлолияти  миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ҳамасола рўзи 11 феврал ҷашн гирифта мешавад, муборакбод гуфта, ба миллати дӯст ва бародари Эрон пешрафту шукуфоӣ, ривоҷу равнақ ва дастовардҳои бештареро  таманно намуд. 
       «Мо аз раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Теҳрон қаноатманд буда, ҳамзамон хостгори тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо мебошем. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тараққиёту пешрафтҳое, ки дар тӯли 36- соли пирӯзии инқилоби исломӣ дар кишвар ба даст овард, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки кишварҳои исломӣ низ метавонанд  дар радифи дигар мамлакатҳои тараққикардаи ғарбӣ ҳамчун кишвари пешрафта арзи ҳастӣ кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари ҳамзабон будан, ҳамчунин дорои муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ мебошанд ва ин барои рушди муносиботи кишварҳоямон заминаи мусоид фароҳам овардааст»,- гуфт дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров. 
    Кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаҳмуди Садрӣ аз номи раиси Парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алӣ Лориҷонӣ даъватномаро ҷиҳати иштироки раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар кори иҷлосияи 9-уми конфронси Иттиҳоди парлумонии давлатҳои  аъзои Созмони Конфронси исломӣ, ки рўзҳои 18-19 феврали соли 2014 дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, супорид ва     иброз намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир  тараққӣ ёфта истодаанд.  Инчунин боздиди пайвастаи мақомоти гуногуни олирутбаи ду кишвар яке аз сабабҳои асосии таҳким ва густариши ҳамкориҳо  ба шумор мераванд.                          
 

Февраль 5, 2014 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!