Намоиш-фурӯши маҳсулот ба ифтихори 90-солагии Душанбе
Душанбе, 14.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе, ки соли равон таҷлил мегардад, моҳе як маротиба дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» -и пойтахт намоиш ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии пойтахт ташкил мешавад.
Дар ин хусус шаҳрдории Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонд. Ҳадаф аз барпо намудани намоиш ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии пойтахт рушди соҳибкории истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулоти молистеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, рӯзҳои 20-22 феврал дар бинои «Душанбе Плаза» беш аз даҳ корхонаи саноатии пойтахт, назири «Нафиса», «Комбинати ширӣ», «Маҳсулоти гӯштӣ», «Душанбе Агросервис», «Рухом», «555 МПК», «Ёқут — 2000», «Покиза», «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», «Ширин», «Фабрикаи шири Саодат», «Комбинати гӯшту консерва» маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






