Неруи содиротии Тоҷикистон афзун мегардад
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар ҳошияи татбиқи лоиҳаҳои муштарак 27 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев бо роҳбари Намояндагии Агентии JICA (Ҷика) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Казуя Суэта баргузор гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мавзӯҳои асосии мулоқот иборат аз рушди ҳамкории мутақобилан муфиди байни Агентӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҷалби теъдоди зиёди мутахассисони ҷавон ба курсҳои таҳсилотии Агентии JICA (Ҷика) ва татбиқи лоиҳаҳои нави таълимӣ буданд.
Мусоҳибон ҳамчунин перомуни роҳандозии як қатор чорабиниҳо баъди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва рушди ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, афзун намудани неруи содиротии кишвар хусусан дар бахши кишоварзӣ ва соҳаҳои коркарди маҳсулот табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






