Неруи содиротии Тоҷикистон афзун мегардад

Февраль 28, 2014 13:09

Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  Дар  ҳошияи татбиқи  лоиҳаҳои  муштарак 27  феврал  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  муовини вазири  рушди  иқтисод  ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Саидраҳмон  Назриев  бо  роҳбари  Намояндагии          Агентии JICA (Ҷика)  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Казуя  Суэта  баргузор  гардид. 
 
Тавре  ки  аз   хадамоти  матбуоти  Вазорати   рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  мавзӯҳои  асосии  мулоқот  иборат  аз  рушди   ҳамкории   мутақобилан   муфиди   байни Агентӣ ва   Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдо,  ҷалби  теъдоди  зиёди  мутахассисони  ҷавон  ба   курсҳои  таҳсилотии  Агентии JICA (Ҷика)  ва  татбиқи  лоиҳаҳои нави   таълимӣ буданд.
 
Мусоҳибон  ҳамчунин   перомуни  роҳандозии  як  қатор   чорабиниҳо  баъди  воридшавии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  ва   рушди  ҳамкорӣ  бо   созмонҳои байналмилалӣ, афзун  намудани  неруи  содиротии  кишвар  хусусан  дар  бахши  кишоварзӣ ва  соҳаҳои  коркарди  маҳсулот  табодули  афкор  намуданд.

Февраль 28, 2014 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд